Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Раиси Комиссияи амнияти миллии парлумони Эрон: “Эътироз дар Ҷумҳурии Исломӣ амри табиӣ ва созанда аст”
Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шурои исломӣ изҳор дошт, ки эътироз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон амри табиӣ ва созанда ба шумор меравад, аммо табдили он ба бесарусомонӣ натиҷаи дахолати неруҳои хориҷӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Иброҳим Азизӣ, раиси Комиссияи амнияти миллии парлумони ҶИЭ рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт: “Эътироз дар Ҷумҳурии Исломӣ як амри табиӣ ва созанда аст, аммо лоиҳаи бесарусомонӣ як версияи воридотӣ мебошад. Ҳар гоҳ изи хадамоти иктишофии хориҷӣ ва режими саҳюнистӣ намоён шавад, маълум мегардад, ки муаммои нооромкунанда фаъол шудааст: муаммое, ки миллати Эрон иҷоза намедиҳад ба натиҷа бирасад”.
Ӯ бо ишора ба талошҳои хадамоти ҷосусӣ ва иктишофии хориҷӣ барои сӯиистифода аз эътирозҳо таъкид карда, ки чунин иқдомҳо бо ҳушёрии мардум ноком хоҳанд монд.
Раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Шурои исломии Эрон қаблан низ дар посух ба изҳороти дахолатҷӯёнаи Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфта буд, ки ӯ солҳои зиёд бо бадбинӣ нисбат ба миллати Эрон рафтор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, чунин изҳорот нишонаи бехабарӣ аз воқеиятҳои Эрони исломӣ ва миллати бузурги он аст.
Ӯ афзуд: “Иёлоти Муттаҳида ҳаққи дахолат ба корҳои дохилии Эронро надорад ва агар нигароние вуҷуд дорад, беҳтар аст масъулини амрикоӣ ба мушкилоти дохилии кишвари худ расидагӣ кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд