Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Татбиқи чор лоиҳа бо 294 миллион доллар. Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд
10-уми декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори Генералии Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад доир гашт.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳолати кунунии татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд амалӣ мегарданд, баррасӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар ҳоли ҳозир 4 лоиҳа ба маблағи 210 млн доллари амрикоӣ бо сармоягузории Фонди Саудии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор доранд. Дар умум, то имрӯз аз ҷониби Фонди мазкур лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 294 млн доллари амрикоӣ татбиқ гардидаанд.
Ҳамчунин, дар мулоқот вазири молия барои ҷалби маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва маориф маълумот пешниҳод намуда, роҳбарияти Фонди Саудии Рушд ҷиҳати иштирок дар маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиашонро баён намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд