Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Пизишкиён: “Бо тамоми қувва аз рушди иқтидорҳои ҳастаӣ пуштибонӣ мекунем”
Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар мулоқот бо роҳбарони соҳаи ҳастаӣ изҳор дошт, ки ҳукуматаш “бо тамоми қувва аз пешрафт ва таҳкими иқтидорҳои ҳастаӣ” пуштибонӣ мекунад ва ҳадафи густариши ин соҳа “ҷавобгӯӣ ба ниёзҳои мардум аст, на тавлиди силоҳи ҳастаӣ”.
Муҳаммад Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, низ хабар дод, ки барномаи сохтмони ҳашт неругоҳи атомӣ дар соҳилҳои ҷанубӣ ва шимолии кишвараш дар назар аст.
Ҳамзамон, Фотима Муҳоҷиронӣ, сухангӯи ҳукумат, таъйид намуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Эрон паёмҳое аз ҷониби Уммон дар бораи эҳтимоли азсаргирии музокирот бо Иёлоти Муттаҳида дарёфт кардааст.
Бадр Бусаъидӣ, вазири корҳои хориҷии Уммон, дар нишасти “Гуфтугӯи Манома” изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори азсаргирии музокироти миёни Теҳрон ва Вашингтон аст ва ҳамлаи Исроил ба Эронро сабаби қатъи гуфтугӯҳо ва “нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ” донист.
Ӯ таъкид кард, ки “инзиво ва дурии Эрон бояд поён ёбад” ва кишварҳои Халиҷи Форс бояд аз гуфтугӯ бо Теҳрон пуштибонӣ намоянд. Ҳамзамон, Қатар низ аз талошҳои худ барои бозгардондани Эрон ва Амрико ба сари мизи музокирот хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар мусоҳиба бо шабакаи “Ал-Ҷазира” боз ҳам гуфт, ки Эрон музокироти мустақим бо Вашингтонро рад мекунад, аммо афзуд: “Имкони расидан ба мувофиқа барои музокироти ғайримустақим вуҷуд дорад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд