Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд
Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи гуфтугӯҳои сарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як қатор санадҳои муҳим дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро имзо намуданд.
Бар асоси созишнома, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия сафар мекунанд, метавонанд санҷиши ҳатмии тиббиро пеш аз сафар дар маркази махсус дар ҳудуди яке аз муассисаҳои тиббии Душанбе анҷом диҳанд.
Ин тартиб мувофиқи меъёрҳои тасдиқшудаи Вазорати тандурустии Русия сурат мегирад ва пас аз ворид шудан ба Русия гузаронидани ташхиси такрории тиббӣ дигар лозим нахоҳад буд.
Ба ҷуз ин, ҷонибҳо протокол оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба созишномаи миёниҳукуматии 17-уми апрели соли 2019 –ро дар хусуси ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ба имзо расонданд.
Дар изҳороти муштараки сарони ду кишвар таъкид шудааст, ки ин санадҳо ба такмил додани механизми ҷалби қонунии неруи корӣ дар асоси манфиатҳои дуҷониба ва эҳтиёҷоти иқтисодии ҳарду кишвар равона шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои созишнома таъкид намуданд, ки “дар натиҷаи гуфтушунидҳо бастаи густурдаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар самтҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки пояи ҳуқуқии ҳамкориро дар ин самт тақвият медиҳанд, қабул шуданд”.
Владимир Путин, Президенти Русия таъкид намуд, ки дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин бо сафари давлатии худ ба Тоҷикистон омадааст. Дар натиҷаи мулоқот ва музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар 16 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”