5 Октябр 2026,
душанбе, 15:12, Душанбе
09.10.2025 09:11

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар фиристодаанд

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, дар соли 2024 ба ватан беш аз 1,8 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқол додаанд. Дар ин хусус, ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар остонаи сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия ҳоло тақрибан 1,2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон фаъолият доранд, ки 16 фоизи ҳамаи муҳоҷирони хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро ташкил медиҳанд.

“Ҳаҷми маблағҳои интиқолёфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, дар соли 2024 аз 1,8 миллиард доллар гузашт. Ин тақрибан 17 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда унсури хеле муҳимми ҳамкории ду кишвари мо ба шумор меравад”- зикр кард Юрий Ушаков.

Ёвари Президенти Русия илова кард, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мавзуъҳои асосии барномаи сафари ҳайати Русия ба Тоҷикистон хоҳад буд, ки 8-уми октябр оғоз меёбад.

Дар ҳайати расмии Русия Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии ин кишвар низ ширкат хоҳад кард. Ӯ дар музокирот оид ба масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва иқомати қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ширкат мекунад.

Интизор меравад, ки сафари Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон хусусияти давлатӣ дошта бошад. Дар ҷараёни гуфтугӯҳо роҳбарони ду кишвар самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, гуманитарӣ ва муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.