Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
800 ҳазор нусха. Русия ба Тоҷикистон китоби дарсӣ медиҳад
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, соли ҷорӣ Русия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон 800 ҳазор нусха китоби дарсии забони русӣ фиристад.
Иттилоъ дода мешавад, ки иқдоми мазкур дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад.
"Ин китобҳо, ки барои синфҳои 3-4 пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби нашриёти маъруфи русии «Просвещение» таҳия ва ба табъ расонида мешаванд. Ҳадафи асосӣ аз интиқоли ин китобҳо мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар зинаҳои ибтидоии таҳсилот ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи дарсии замонавӣ мебошад", - зикр мегардад дар иттилоия.
Афзуда мешавад, ки то ҳол зиёда аз 118 ҳазор нусха аз шумораи умумии китобҳо ворид гардидааст. Қисми боқимондаи китобҳо дар марҳилаи чоп қарор дошта, пас аз анҷоми чоп тибқи нақша дастрас карда мешаванд.
Ба қавли манбаъ, китобҳои дарсӣ ба муҳити иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда, барои истифода дар ҳама мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, ки дар онҳо омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст, равон шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”