Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ “City Tour”-и ройгон доир шуд
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе тури ройгони сайёҳат бо автобус таҳти унвони “City Tour” барои сокинон ва меҳмонони пойтахт доир гашт. Дар ин хусус, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Дар ин чорабинӣ беш аз 200 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, сокинони маҳаллӣ ва сайёҳони хориҷӣ ширкат намуданд. Барои ширкаткунандагон се автобуси дуқабата ҷудо шуда буд, ки ба воситаи хиёбону кӯчаҳои асосии пойтахт ҳаракат мекарданд.
Сайёҳаткунандагон тавонистанд симои навсозишудаи шаҳри Душанбе, кӯчаҳои обод ва иншооти муосири инфрасохтории шаҳрро тамошо кунанд. Бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба мусофирон оид ба таъриху фарҳанги шаҳр, ёдгориҳо ва имкониятҳои сайёҳии он нақл шуд.
Барои офаридани фазои идона ҳунармандон бо иҷрои мусиқии зинда суханронӣ карданд.
Ба гуфтаи масъулон, чунин чорабиниҳо ба рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии мавзеъҳои тамошобоб ва ҷалби меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола 27-уми сентябр таҷлил карда мешавад. Ин ид аз соли 1979 ба ин сӯ доир мегардад. Имсол 47-умин бор Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон доир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст