Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия даҳҳо тона ангур содир кард
Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангурро ба бозорҳои мухталифи ҷаҳон ва Федератсияи Русия идома медиҳад.
Тибқи иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” дар ин мавсим ҳаҷми содироти ангур афзоиш ёфта, фақат дар моҳи сентябр даҳҳо тонна ангури баландсифат аз боғҳои Тоҷикистон ба Русия, аз ҷулма ба вилояти Пенза интиқол дода шудааст.
Меваҳои тоҷикӣ, махсусан ангур, дар шаҳрҳои мухталифи Федератсияи Русия, аз ҷумла Пенза талаботи баланд доранд. Ангури содиротӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалии тозагӣ ва сифати ғизо дар банду басти махсус ва ба воситаи нақлиёти яхдондор ба истеъмолкунандагон мерасад.
Ин иқдом на фақат барои таъмини бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти тару тоза, балки барои дастгирии боғдорон ва рушди иқтисоди содиротии кишвар амалӣ мегардад.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сол то сол густариш меёбанд. Ҷонибҳо омодагии худро иброз намуданд, ки ҳаҷми содироти ангур ва дигар маваҷоти Тоҷикистон ба бозорҳои Русия дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи коршиносон иқлими мусоиди Тоҷикистон ва таҷрибаи бойи боғпарварони маҳаллӣ барои парвариши ангури хушсифат заминаи мусоид фароҳам кардааст. Ин омилҳо имкон медиҳад, ки ангури Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир боқӣ монад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”