Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Президенти Ирландия: “Исроил ва ҳомиёни аслиҳавии он аз СММ бояд ихроҷ шаванд”
Президенти Ирландия талаб кард, ки режими Исроил ва кишварҳое, ки онро бо силоҳ таъмин мекунанд, аз Созмони Милали Муттаҳид хориҷ карда шаванд.
Тибқи гузориши расонаҳо Майкл Ҳиггинс, Президенти Ирландия гуфта, ки Исроил ва он кишварҳое, ки онро бо силоҳ муҷаҳҳаз месозанд, набояд дар Созмони Милали Муттаҳид боқӣ монанд.
“Мо дигар ҳақ надорем дар хотима бахшидан ба тиҷорат бо омилони ин ҷиноятҳо бар зидди ҳамнаслони худ таъхир кунем”- гуфт Президенти Ирландия.
Президенти Ирландия таъкид намуд, ки бархе кишварҳои пурқудрати Иттиҳоди Аврупо дар баробари ранҷу азоб ва гуруснагии кӯдакони заифу лоғар дар пайи як фоҷеи башардӯстона дар Ғазза хомӯширо ихтиёр кардаанд.
Қаблан, Майкл Мартин, сарвазири Ирландия гуфта буд: “Мо бояд фишори байналмилалӣ бар Исроилро барои қатъи ҳамла ба Ғазза афзоиш диҳем. Аз гузориши СММ комилан бармеояд, ки ҷинояти наслкушӣ дар ҳоли анҷом аст ва Исроил бояд посухгӯ бошад”.
Сарвазири Ирландия ин суханони Исроил Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистиро ёдовар шудааст: шаҳри Ғазза дар ҳоли сӯхтан аст: “Ин андеша чӣ гуна раванд ва рафтори ҳукуматро роҳнамоӣ мекунад?” – мегӯяд Майкл Ҳиггинс.
Кумитаи байналмилалии таҳқиқоти вобаста ба Созмони Милал рӯзи сешанбе эълон кард, ки режими Исроил нисбат ба фаластиниён дар Навори Ғазза ҷинояти наскуширо анҷом додааст. Ин кумита расман аз истилоҳи “наслкушӣ” истифода бурд.
Дар гузориши мазкур омадааст, ки масъулони Исроил аз унсурҳои вобаста ба онҳо дастикам панҷ амали вобаста ба наслкуширо дар Ғазза содир кардаанд.
Режими Исроил ин равандро дар ду соли ахир бо мақсади аз миён бурдани фаластиниён ба воситаи таҳмили қаҳтӣ дар Ғазза пайгирӣ кардааст. Дар ин робита беш аз 60 ҳазор санад ва далел ҷамъоварӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад