Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Варзиш ҳамчун дипломатия: бозиҳои байналмилалии Иссиқкӯл “иттиҳод ва сулҳ”-ро дар Осиё ба майдон меоранд
Дар давроне, ки ҷаҳон бо низоъҳои мухталифи геполитикӣ рӯ ба рӯ аст, кишварҳои Осиё ва пасошӯравӣ ба варзиш рӯ овардаанд, то рамзи ҳамбастагӣ ва сулҳро ба намоиш гузоранд.
Бар асоси иттилои расмӣ аз 4-ум то 12-уми сентябр дар соҳилҳои кӯли Иссиқкӯл Бозиҳои байналмилалии варзишӣ таҳти шиори “Осиё –минтақаи иттиҳод ва сулҳ” баргузор мегардад.
Аввалин бор ин бозиҳо дар соли 2001 бо ширкати беш аз 80 варзишгар оғоз шуда буд ва ҳоло он ба як майдони бузурги варзишӣ, бо ширкати беш аз 3000 ширкаткунанда табдил ёфтааст. Ин чорабинии варзишӣ мақоми бузургтарин мусобиқаи мунтазами варзишӣ дар Осиёи Марказиро соҳиб шудааст.
Дар баробари намудҳои варзиши маъмулӣ, мусобиқаҳои миллӣ ва анъанавӣ низ ба барнома ворид шудаанд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон рамзи эҳтироми гуногунрангии фарҳангҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Барои ширкат дар бозиҳои варзишии Иссиқкӯл варзишгарон аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Беларусия ворид шуданд. Ҳамзамон, Чин, Ҳиндустон ва Муғулистон, ки ширкаткунандагони доимӣ маҳсуб мешаванд, бо ҳузури худ нақши ин мусобиқаҳоро дар ҳамкории минтақавӣ тақвият мебахшанд.
Мутахассисон мегӯянд, ки чунин чорабиниҳо аз доираи варзиш берун рафта, ба василаи “дипломатияи нав” табдил ёфтааст. Абзоре, ки кишварҳоро бо вуҷуди ихтилофоти сиёсӣ барои нишастан дар як миз ва ҷустуҷӯи ҳамкориҳо водор месозад.
Чорабинӣ бо дастгирии молии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад, ки мақсади он густариши ҳамкории фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни миллатҳои минтақа мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд