5 Октябр 2026,
душанбе, 15:13, Душанбе
27.08.2025 11:56

Русия ва Тоҷикистон: Тақдими 540 тонна ғизои мактабӣ ба хонандагони вилояти Суғд

Рӯзи 26-уми август дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд маросими супоридани 540 тонна кумаки ғизоӣ аз ҷониби кишвари Русия баргузор шуд. Ин маросим, ки бо ҳузури намояндагони мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои марбута ва шарикони рушд баргузор гардид, нишондиҳандаи равобити наздики дуҷониба миёни Тоҷикистону Русия дар бахши иҷтимоӣ дониста шуд.

Масъулини Барномаи ғизои солими мактабӣ таъкид мекунанд, ки ин мавод ба мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд фиристода мешавад ва махсус барои таъмини хӯроки иловагии хонандагони синфҳои аз 1 то 4 пешбинӣ шудааст.

Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999 бо дастгирии Барномаи ҷаҳонии озуқа амал мекунад. Феълан ин барнома 593 мактаби вилояти Суғдро фаро гирифта, беш аз 144 ҳазор хонандаро бо ғизои гарм таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи ғизои мактабӣ, ки Русия маблағгузории асосии онро бар дӯш дорад, феълан беш аз 450 000 хонандаро дар 2000 мактаби 53 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фаро мегирад ва он ба як намунаи муваффақи ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Барномаи мазкур аз соли 2021 инҷониб дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Институти ҷамъиятии ғизои иҷтимоӣ ва саноатӣ, амалӣ карда мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.