6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:12, Душанбе
15.08.2025 09:48

Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кӯдакистони “Марям” –ро ифтитоҳ намуданд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Сино кӯдакистони хусусии “Марям” –ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин бинои муосир дар доираи нақшаи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо иқдоми созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Сохтмони он моҳи феврали соли 2023 оғоз шуда, дар муҳлати 16 моҳ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исломҷон Муродов бо ҷалби беш аз 150 коргар анҷом ёфт.

Муассиса сеошёна буда, бо таҳхона барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои таълимӣ бо мизу курсӣ, бозичаҳои гуногун ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дарсҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, гузаронида мешаванд. Дар кӯдакистон 30 мутахассиси соҳа, аз ҷумла мураббиён ва парасторон фаъолият мекунанд.

Саҳни ҳавлии боғча бо 6 айвонча, майдончаҳои бозӣ, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввора ва гулу дарахтони ороишӣ зебу зиннат дода шудааст. Дар дохили бинои муассиса утоқҳои хоб, толори мусиқӣ, рақс, рассомӣ, варзиш ва ҳаммом барои 10 гурӯҳ омода гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, сарвари кишвар дар маросими ифтитоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки таҳсилоти томактабӣ марҳилаи муҳимми рушди зеҳнии кӯдакон мебошад.

Сарвари кишвар ин кӯдакистони навро туҳфаи арзишманд барои насли наврас номида, аз мураббиён даъват намуданд, ки кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.