13 Октябр 2026,
сешанбе, 13:21, Душанбе
15.08.2025 09:41

Швейтсария барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон даст ба кор шуд

Мақомоти тоҷик дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарони як қатор ширкатҳои сайёҳии Шветсария масъалаи боло бурдани обрӯ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зиёдулло Салимзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Шариф Шерализода, сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо Андриен Жене, директори генералии идораи сайёҳии Женева ва роҳбарони ширкатҳои “Trade Wings Voyages” ва “Executive Travel”  мулоқот анҷом дода, масъалаи ҷалби сайёҳон ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Яке аз масъалаҳои асосии гуфтугӯ ташкили намудани маъракаи таблиғотӣ ва муаррифии роҳҳои сайёҳии Тоҷикистон дар бозорҳои Швейтсария буд. Ба таъкиди ҷонибҳо, ин иқдом метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро афзоиш дода, барои рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина гузорад.

Ширкатҳои швейтсарӣ омодагии худро барои кор дар лоиҳаҳои дарозмуддат баён кардаанд. Ин лоиҳаҳо на фақат ба боло бурдани ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки метавонанд робитаҳои иқтисодиву мубодилаи фарҳангӣ миёни ду кишварро густариш диҳанд.

Медиакомпанияи Primus Publishing, ки бо нашр ва таблиғи саноати сайёҳӣ машғул аст, Тоҷикистонро бо табиати нодир, меҳмоннавозӣ ва мавҷуд будани роҳи афсонавии Помир – яке аз балантарин ва зеботарин шоҳроҳҳои ҷаҳон, тавсиф намудааст.

“Trade Wings Voyages”, аз ҷумлаи ширкатҳои маъруфи Швейтсария аст, ки хидматҳои сайёҳии дараҷаи олӣ барои сафарҳои тиҷоратӣ ва шахсӣ пешниҳод менамояд. Executive Travel бошад, дар Женева қарор дошта, ба ташкили сафарҳои инфродӣ ва хизматрасонии шахсӣ дар саросари ҷаҳон тахассус дорад.

Бо чунин иқдомҳо Тоҷикистон умедвор аст, ки номи он дар харитаи сайёҳии ҷаҳон бо ранги дурахшонтар ишора хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

13.10.2026 13:03

Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
13.10.2026 13:02

Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд

12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
13.10.2026 12:04

Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст

Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
13.10.2026 11:57

Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.