5 Октябр 2026,
душанбе, 15:12, Душанбе
11.08.2025 16:48

Путин натиҷаи мулоқоташ бо Стив Уиткоффро ба Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷузъиёти мулоқоти ахири худ бо Стив Уиткофф, намояндаи хоси Трамп дар умури Ховари Миёнаро шарҳ додааст.

Дар ин хусус Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари матбуоти Президенти Федератсияи Русия хабар додаанд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни суҳбати телефонӣ роҳбарони ду кишвар масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

“Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттилоъ дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд”- навиштааст Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳбарони ду кишвар, ҳамчунин, ба рушд додани муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид кардаанд.

Дафтари матбуоти Федератсияи Русия низ гузориш дод, ки ин мулоқот дар шаҳри Маскав доир шуда, ба масъалаи музокироти ҷанг ва сулҳи Украина вобаста будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати телефонӣ аз талошҳо барои роҳи ҳалли дипломатии буҳрони Украина ҳимоят кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.