Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Дабири кулли НАТО: Дидори Путин бо Трамп дар Аляска санҷиши муҳимми поёни ҷанги Украина аст
Марк Рютте, Дабири кулли НАТО гуфт, ки мулоқоти Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ва Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Алсяка санҷиши муҳим барои поён додан ба ҷанги Украина хоҳад буд.
Ӯ рӯзи якшанбе, 10-уми август дар суҳбат бо шабакаи “АВС” гуфт, ки ин мулоқот “санҷиши Путин” аст, то маълум шавад, ки ӯ то чӣ андоза дар поёни ҷанг ҷиддӣ аст.
Тибқи гуфтаи Марк Рютте дар ин мулоқот беш аз ҳама масъалаҳои таъмини амният мавриди баррасӣ қарор мегирад, вале бояд бидуни таъхир пазируфта шавад, ки Украина ҳақ дорад дар бораи ояндаи худ мустақилона қарор қабул кунад.
“Украина бояд як кишвари мустақил бимонад, ки худаш барои ояндаи геополитикии худ тасмим мегирад”- зикр намуд Марк Рютте. Дабири кулли НАТО ҳамчунин, изҳор дошт, ки мутмаин аст Доналд Трамп аз чунин мавқеъ пуштибонӣ хоҳад кард.
Бар асоси барнома роҳбарони Русия ва Амрико рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон дар Аляска барои музокирот дар хусуси қатъи ҷанги Украина мулоқот хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд