5 Октябр 2026,
душанбе, 15:12, Душанбе
09.08.2025 09:49

Тоҷикистон ва Русия то соли 2030 нақшаи ҳамкории иқтисодиро мувофиқа карданд

Тоҷикистон бо Русия нақшаи роҳ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ то соли 2030-ро ба имзо расонид. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, афзуд, тиҷорати миёни ду кишвар дар нимсолаи аввали соли 2025 ба 1,071 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар аст.

Вазир таъкид намуд, бо вуҷуди афзоиш ҷонибҳо мақсад доранд гардиши молро боз ҳам зиёд кунанд. Барои ин барномаи миёнамуҳлати ҳамкории иқтисодӣ амалӣ мешавад, ки дар доираи он як қатор мулоқотҳои корӣ миёни вазоратҳои марбутаи  ду кишвар доир шуда, тадбирҳои мушаххас барои рушди ботавозуни савдо мушаххас мегардад.

Ба гуфтаи Вазир ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки содирот аз Тоҷикистон ба Русия густариш ёбад. Ин иқдом на фақат робитаҳои иқтисодиро таҳким мебахшад, балки ба тавозуни савдо низ мусоидат хоҳад кард.

Содироти асосии Тоҷикистон ба Русияро меваҳои тару тоза ва хушк, аз ҷумла зардолу, олу, гелос, ангур ва чормағз, ҳамчунин, сабзавот, нах ва риштаи пахта, масолеҳи сохтмонӣ ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми содирот ба Русия 53, 4 миллион долларро ташкил додааст.

Дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар 1, 9 миллиард доллар буд, ки 15 фоизи он бештар аз соли қаблӣ аст. Дар мулоқоти моҳи март дар Кремл президентҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ният доранд, то соли 2030 ҳаҷми тиҷоратро ба 5 миллиард доллар расонанд. Ин ҳаҷми афзоиш 2,5 маротиба аз сатҳи кунунӣ бештар хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.