Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе аз як шаҳрванди хориҷӣ 386 грамм маводи нашъадор дарёфт гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми ИМД эълон шуд
Ду бохти пайи ҳам дошт. Муҳаммад Наимов аз UFC хориҷ карда шуд
Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи бузурги сайёҳӣ бо иштироки 200 ширкати сайёҳӣ баргузор мегардад
Намоишгоҳи сайёҳии Душанбе “DITE-2025” аз 18 то 20-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо дастгирии ширкати сайёҳии “Сомон Трэвел” баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ ба рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ рост меояд. Тибқи иттилоъ, дар ин намоишгоҳ беш аз 200 намояндаи соҳаи сайёҳӣ аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, ҳамчунин, зиёде аз 400 меҳмон аз кишварҳои наздик ва дур ширкат хоҳанд кард.
Ҳадаф аз баргузории DITE-2025 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккули бозори минтақавии сайёҳӣ дар Душанбе, муаррифии имкониятҳои табиӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва табобатии кишвар, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳо мебошад.
Дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла шаҳрҳои бародар ва шарик, ширкатҳои сайёҳӣ, авиатсионӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва табобатӣ ширкат мекунанд.
Дар доираи чорабинӣ мулоқотҳо ва имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин, дарсҳои омӯзишӣ оид ба хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладии сайёҳӣ доир мегарданд. Ташкили намоишгоҳро Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳанг мекунад.
Намоишгоҳи аввалини DITE соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, 90 ширкати ватанӣ ва 20 ширкати хориҷӣ аз 16 шаҳр ширкат карда буданд. Ин чорабинӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва беҳтар намудани хизматрасониҳои сайёҳӣ мусоидат намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст