13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:40, Душанбе
19.06.2025 17:53

Дар Фаронса боз як кӯчаи дигарро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд номгузорӣ карданд

Дар як иқдоми рамзӣ Шурои шаҳри Рейм дар шимоли Фаронса яке аз кӯчаҳои минтақаи фарҳангӣ ва илмии “Магазан”-ро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва фармондеҳи шинохтаи муқовимат бар зидди терроризм номгузорӣ кард.

Маросими расмии ифтитоҳи кӯча бо ҳузури мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони Афғонистон баргузор гардида, тахтаи нави номи кӯча расман аз сӯйи муовини шаҳрдории Реймс Дмитрий Один ба Аҳмад Масъуд, фарзанди фармондеҳи шаҳид супурда шуд.

Дмитрий Один дар суханрониаш ин иқдомро “посухи рӯшан ба торикӣ” арёбӣ карда, гуфт, ки муборизаи Аҳмадшоҳ Масъуд бар зидди ифротгароӣ ва терроризм аз марзҳои Афғонистон фаротар рафта, ба рамзи ҷаҳонии муқовимат табдил шудааст. Ӯ иброз дошт, ки ин номгзорӣ арзиши мубориза бо зулм ва ифротгароиро дар баробари арзишҳои инсонӣ ва демократӣ таҷассум мекунад.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суханронии худ аз ин иқдоми Фаронса истиқбол карда, онро нишонаи “пайванди амиқи миёни миллатҳои Фаронса ва Афғонистон” номид. Ба гуфтаи ӯ, чунин арҷгузорӣ на фақат хотираи як шахсияти таърихиро зинда медорад, балки паёми умед ва талош барои озодӣ, адолат ва муқовиматро зинда мекунад.

Ин бори аввал нест, ки дар Фаронса кӯчае ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд гузошта мешавад. Қаблан низ дар яке аз минтақаҳои марказии Париж, дар Шанз Элизе чунин иқдом сурат гифта буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.