Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Тақдими 161 тонна хурмо ба 500 мактаби Тоҷикистон
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 161 тонна хурмо тақдим карда мешавад, ки он зиёда аз 500 мактаб ва 43 ҳазор толибилмро фаро мегирад.
Ин маводи озуқаворӣ аз ҷониби Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути Барномаи ҷаҳонии озӯқа дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ ҳамчун ширинӣ ба синфҳои ибтидоӣ дода мешавад. Оғози марҳилаи таъмини ғизо аз соли хониши нав, яъне аз моҳи сентябр то моҳи феврали соли 2025 дар нақша гирифта шудааст.
Дар чорабинии тақдими хурмо, ки дар Душанбе доир гашт, Музаффарзода Бадриддин, муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Абдураҳмон ар-Решайдон, сафари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва Адҳам Мусаллам, намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ширкат доштанд.
“Тақдими 161 тонна хурмо дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 43 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва дар 14 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маҷмуъ зиёда аз 500 мактабро дар бар мегирад, фаро гирифта шудааст” - гуфт Адҳам Мусаллам.
Абдураҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ёдовар шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад