Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Президенти Тотористон: “Роғун ифтихори мардуми тоҷик ва разми рушди минтақа аст”
Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов дар ҷараёни сафари расмии худ ба Тоҷикистон аз Неругоҳи барқи обии Роғун боздид намуда, чунин гуфт: “Роғун ифтихори мардуми тоҷик ва разми рушди минтақа ба ҳисоб меравад”.
Мақсади боздиди президенти Тотористон аз Роғун шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти агрегатҳои фаъоли бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ будааст. Рустам Минниханов дар ҷараёни мулоқот бо кормандони неругоҳ таъкид намуд, ки Тотористон омодаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, саноат ва иқтисод бо Тоҷикистон мебошад.
Рустам Минниханов дар фарҷоми боздид дар китоби фахрии Неругоҳи барқи обии Роғун ёддошт имзо гузошта, иншооти музкурро намудаи таҷрибаи нодири муҳандисӣ арзёбӣ кард.
Сафари президенти Тотористон дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба сурат мегирад. Моҳи апрели соли гузашта мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Рустам Минниханов, президенти Тотористон баргузор шуда буд. Дар ин мулоқот лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, дорусозӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”