13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:38, Душанбе
12.06.2025 12:07

Расонаҳои Ғарбӣ: Трамп ба Нетаняҳу барои ҳамла ба Эрон чароғи сабз нишон нахоҳад дод

Расонаҳои ғарбӣ рӯзи гузашта дар бораи ҷузъиёти суҳбати телефонии Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу гузорише нашр карданд ва дар он ишора шудааст, ки Доналд Трамп ба Исроил барои ҳамла ба Эрон чароғи сабз нишон нахоҳад дод.

Сомонаи исроилии “Натсив” бо ишора ба ҷузъиёти суҳбати телефонии роҳбарони ду кишвар навишт, бо афзоиши низоъ миёни Исроил ва Эрон ва шиддат гирифтани таҳдидҳои дуҷониба як сарчашмаи огоҳи исроилӣ тасдиқ кард, ки Доналд Трамп ба Бенямин Нетаняҳу ошкоро гуфт, дар ин фурсати наздик иҷозаи ҳамла ба Эронро нахоҳад дод.

Дар гузашта низ гузоришҳое нашр шуда буд, ки Исроил барои ҳамлаи эҳтимолии барқосо дар сурати нокомии музокироти атомии ғайримустақими Вашингтон бо Теҳрон омодагӣ мебинад.

Дар ҳамин ҳол Рафаэл Гросси, раиси кулли Агентии байналмилалии атомӣ ба Исроил нисбат ба ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон ҳушдор додааст. Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи “24 нюс” гуфтааст, ки иншооти мазкур “ба таври шадид устувор гардидаанд ва барои осеб расонидан ба онҳо ниёз ба қудрати вайронкунандаи бузурге лозим аст”. Рафаэл Гросси афзуд, ки чунин ҳамла метавонад таъсири шадид дошта бошад ва эҳтимоли тасмими Эрон барои пайгирии сохтани силоҳи атомӣ ва хориҷ шудан аз созишномаи паймонӣ густариши силоҳи атомиро афзоиш диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.