Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Мубориза барои “Тӯби тиллоӣ”. Киҳо пешсафанд?
То маросими ҷоизасупории маъруфтарин ҷоизаи инфиродӣ дар футбол – “Тӯби тиллоӣ” зиёда аз се моҳ мондааст, аммо коршиносон, таҳлилгарон, журналистони варзишӣ ва алоқамандони ин навъи варзиш аз довталабони гуногун ном мебаранд.
Пас аз ба охир расидани ҳама чемпионатҳои калидии мавсим (дар ҳоле ки дар пеш Чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо моро интизор аст), ҳоло топ-5 довталаби асосӣ барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” инҳо мебошанд: Усмон Дембеле (Фаронса, “ПСЖ”), Рафиня (Бразилия, “Барселона”), Ламин Ямал (Испания “Барселона”), Килиан Мбаппе (Фаронса, “Реал Мадрид”) ва Муҳммад Салоҳ (Миср, “Ливерпул”)
Гуфта мешавад, ки аз миёни ин панҷгона муддаии асосӣ футболбози фаронсавӣ Усмон Дембеле мебошад, ки дар мавсими сипаригардида бо дастаи “ПСЖ” тамоми ҷоизаҳоро ба даст овард. Аз ҷумла, барандаи Лигаи 1, Ҷом ва Суперҷони Фаронса ва аз ҳама муҳим Лигаи чемпионҳо шуд.
Ёдовар мешавем, ки имсол маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ” 22-юми сентябр доир мегардад, ки натиҷаҳои бадастовардаи футболбозон аз 1-уми августи соли 2024 то 31-уми июли соли 2025 ба инобат гирифта мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад