13 Октябр 2026,
сешанбе, 17:21, Душанбе
08.06.2025 14:34

«Дӯстӣ бояд ҷовидона бошад» - Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақаӣ

Гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷик дар Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби рӯзномаи бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин - «Жэнмин жибао» ташкил гардид, дар шаҳрҳои Остона ва Алматои (пресс-тур ба ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин) Қазоқистон ширкат варзиданд. Ин ҳамоиш ба як минбари муҳим барои муколамаи озоди намояндагони ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин табдил ёфт.

Форуми мазкур бо номаи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ифтитоҳ гардид, ки онро Арман Кирикбаев, мушовири президент оид ба сиёсати дохилӣ ва иртиботот қироат намуд.

Евгений Кочетов, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон, баргузории чунин форумро қадами ҷиддӣ дар таҳкими равобити иттилоотӣ арзёбӣ карда, гуфт: «Бо роҳнамоии сарони ду кишвар, муносибатҳои Қазоқистон ва Чин ба сатҳи нав баромадаанд». Вай ҳамзамон аз ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва зарурати густариши ҳамкориҳои расонаӣ сухан гуфт.

Нақши Чин ва Осиёи Марказӣ дар ташаккули ҷомеаи муштараки иттилоотӣ

Ху Хэпинг, муовини мудири Шуъбаи таблиғоти КМ ҲК Чин, дар суханронии худ аҳамияти форумро дар таҳкими равобити минтақавӣ таъкид кард. Фан Сзяншан, муовини сардабири «Жэнмин жибао», дар баромадаш чаҳор самти асосии ҳамкориҳоро пешниҳод намуд: эҳёи эътимоди мутақобила, таблиғи лоиҳаҳои муштарак, ҷорӣ кардани инноватсияҳо ва сармоягузорӣ ба кадрҳои ҷавон.

Вай чунин зикр кард: «Имрӯз Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ташаккули ҷомеаи муштараки ояндаро дар форматҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба расмият дароварданд. Ин ташаббус иродаи тарафҳоро барои ба сатҳи сифатии ҳамкориҳо баровардани муносибатҳо ифода мекунад. Идеяи ҷомеаи ояндаи муштараки инсоният тадриҷан ба як консенсуси ҷаҳонӣ ва арзиши умумӣ табдил ёфтааст. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ ҳамчун як тамоюли таърихӣ бебозгашт аст. Дар ҷаҳонишавӣ тақдири ҳамаи миллатҳо ба ҳам алоқаманд буда, сохтмону тараққиёти якҷоя ба воқеияти ногузир табдил ёфта истодааст. Ҳамкорӣ ва нафъи ҳамдигарӣ ягона роҳи муваффақияти устувор мебошанд».

Дар Форум Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро хонаи умумии дониста, дастовардҳо ё мушкилоти онро низ дастоварду мушкилии минтақа донистанд. Ба назари коршиносони Форум сулҳ, рушд, шукуфоӣ ва субот ормон ва ҳадафҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин аст.

Аз ин рӯ, гуфта шуд, ки кишварҳо бояд ба хотири рушди муштарак қувваҳоро муттаҳид кунанд ва иқтидори минтақаро ба ҳадди аксар расонанд. Имрӯз ҷаҳон дигаргуниҳои бесобиқаеро, ки дар тӯли садсолаҳо дида нашуда буд, аз сар мегузаронад. Дар ин бора Фан Сзяншан чунин назар дорад: «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба душвориҳо ва имкониятҳои нав дучор шуда истодааст. Якҷоя бунёд кардани ҷомеаи сарнавишти муштарак, таҳкими ҳамбастагӣ, равиши воқеии бисёрқутбӣ, ҷаҳонишавии фарогир ва мусоидат ба тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ на танҳо рисолати таърихӣ, балки роҳи шукуфоии муштарак мебошанд».

Фан Сзяншан ҳамзамон гуфт, ки ҷаҳонишавии иқтисодӣ равандест бебозгашт ва танҳо роҳи муваффақияти устувор — тавассути ҳамкорӣ ва манфиати мутақобила амалӣ мегардад.

Аз видео то воқеият: ҳамкориҳои муосир ва тамоюлҳои расонаӣ

Дар маросими ифтитоҳ кӯтоҳфилми “Як камарбанд, як роҳ” намоиш дода шуд, ки бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ таҳия гардида буд. Навор бо нишон додани рӯҳияи ҳамкории кишварҳо дар масирҳои таърихии тиҷорат, бар аҳамияти робитаҳои муосир миёни ВАО таъкид мекард.

Дар бахши асосии форум, намояндагони расонаҳои марказӣ аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Суҳроб Рауфзода, сардабири рӯзномаи “Минбари халқ” аз Тоҷикистон, Ма Сяонин, мудири департаменти ахбори ҷаҳонии “Жэнмин жибао”, Мират Бекмурадов — директори расонаи “Туркманистон: асри тиллоӣ” ва дигарон суханронӣ карданд.

Суҳроб Рауфзода бо таъкиди сиёсати дурандешонаи роҳбарони Тоҷикистон ва Чин чунин гуфт:

«Ҳамаи сохторҳои Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Чин омодаанд. Аз ҷумла рӯзноманигорон низ ба Чин бо назари нек менигаранд ва барои густариши бештари ҳамкорӣ омодаанд».

Журналистикаи Чин ва нигоҳи неки он ба Осиёи Марказӣ

Тибқи меъёрҳои эътирофшудаи журналистикаи ҷаҳонӣ, вазифаи расонаҳо се ҷиҳати муҳим дорад: таблиғ, ташвиқ ва созмондиҳии афкори умум. Ин модел метавонад барои рушди журналистикаи кишварҳои Осиёи Марказӣ як намунаи омӯзишӣ бошад, зеро бо назардошти фазои иттилоотии минтақавӣ, як расонаи фаъол бояд на танҳо расонандаи хабар, балки роҳнамои афкор низ бошад.

Қобили зикр аст, ки Чин дар муносибат бо ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша беғараз ва шарики боэътимод буд. Хусусан ҳамкории он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан бар мабнои манфиатҳои иқтисодӣ ва рушди устувор сурат гирифта, аз нияти нек ва муносибати бародарона дарак медиҳад.

Фазои иттилоотии муосир ва имкониятҳои нав

Ҳадафи асосии Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ» таъмини замина барои ҳамкориҳои нави расонаӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ташаббусҳои муштарак дар фазои зудтағйирёбандаи иттилоотӣ мебошад.

Дар доираи Форум, масоили марбут ба рақамикунонӣ, ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар ВАО, рушди эҷодкорӣ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, мубориза бо фейк-хабарҳо ва таҳкими амнияти иттилоотӣ мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Суҳроб Рауфзода, сардабири рӯзномаи «Минбари халқ» дар ин бора чунин таъкид кард: «Дар ҷаҳони муосир, ки далелҳо ва ақли солим арзишҳои бунёдӣ ҳастанд, бояд якҷоя дар муқобили фейкҳо ва иттилооти ғаразнок истода, барои ҳифзи фазои солими иттилоотӣ кӯшиш кунем».

Рӯзномаи “Жэнмин жибао”: маркази ҷаҳонии иттилоот

Форуми мазкур аз ҷониби “Жэнмин жибао”, яке аз пурнуфузтарин расонаҳои давлатии Чин ва дунё, ки бо забонҳои мухталифи дунё нашр мешавад ва дар зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад, баргузор шуд. Дар рӯзномаи “Жэнмин жибао” беш аз 1000 нафар корманд фаъолият мекунанд ва тиражи он ба 4 миллион нусха мерасад. Имрӯз “Жэнмин жибао” бо нашрияҳои фаръии худ ба як холдинги бузург табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устуворро соҳиб аст.

Хулоса

Форуми расонаии «Чин – Осиёи Марказӣ» на танҳо як чорабинии иттилоотӣ, балки платформае барои таҳкими дӯстиҳои дерина ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ дар заминаи расонаҳо буд. Дар шароити ҷаҳони рӯ ба тағйир, мушкилоту имкониятҳои нав, танҳо тавассути ҳамкории мутақобилан судманд метавон ба рушди устувори минтақа ноил шуд. Зеро, чуноне ки дар оғози форум таъкид шуд: «Дӯстӣ бояд ҷовидона бошад».

Гузориши М. Қосимов аз рӯзи аввали Форум

Остона, 29.05.2025

Хатти хабарҳо

13.10.2026 13:46

“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад

Коҳиш ёфтани содироти сӯзишвории дизелӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, мақомоти ин кишварҳоро водор кардааст, ки роҳҳои алтернативии таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишвории дизелиро пайдо намоянд.
13.10.2026 13:45

Сафари Президенти кишвар ба Шаҳринав аз боздиди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оғоз шуд

Имрӯз, 13-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав сафар карданд.
13.10.2026 13:43

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 84 фоиз иҷро гардид

Бинобар маълумоти Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳ рӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 84 фоиз иҷро гардид.
13.10.2026 13:42

Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд

Имрӯз, 13-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд.
13.10.2026 13:03

Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
13.10.2026 13:02

Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд

12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
13.10.2026 12:04

Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст

Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
13.10.2026 11:57

Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.