Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Кишварҳои арабӣ аз тағйири мавқеи Аврупо нисбат ба Исроил истиқбол карданд
Кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб бо нашри як изҳорот аз тағйирёбии мавқеи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Исроил ва кӯшишҳои ба расмият шинохтани Фаластин истиқбол кардаанд.
17 кишвари Иттиҳоди Аврупо аз давлатҳои узи ин иттиҳодия хостаанд, ки Созишномаи ҳамкорӣ бо Исроил бознигарӣ шавад. Ин иқдомро Нидерландия оғоз кард ва таъкид намуд, ки асоси бунёдии ин созишнома риояи ҳуқуқи инсон ва пойбандӣ ба арзишҳои демократӣ мебошад.
Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ таъкид кардаанд, ки ҳукуматҳои аврупоӣ дар пасманзари фоҷеаи башардӯстона дар Навори Ғазза ва ҳудудҳои ишғолшудаи Фаластин ба шиддат нигаронанд.
“Барои муддати тӯлонӣ ин кишварҳо таҳти таъсири тафсири исроилӣ дар хусуси рӯйдодҳои 7-уми октябри соли 2023 қарор доштанд ва назару мавқеи худро асосан аз ҳуқуқи Исроил барои дифои худ маҳдуд мекарданд” – зикр шудааст дар изҳороти давлатҳои узви Иттиҳодияи Араб.
Дар изҳороти кишварҳои арабӣ ҳамчунин, зикр мешавад, шиддат гирифтани зӯроварӣ ва ҳамлаҳои низомӣ бар зидди аҳолии осоишта, бахусус занон ва кӯдакон асоснок будани далелҳои зикршударо зери шубҳа қарор медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад