Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
“Фақиртарин” президенти ҷаҳон даргузашт
Президенти Уругвай Хосе Мухика, ки бо сабки содазистии худ ба ҳайси “фақиртарин президенти ҷаҳон” маъруф буд, дар синни 89 –солагӣ аз дунё даргузашт.
Пепе Мухика аз соли 2012 то соли 2015 президенти Уругвай буд ва ба шакли бисёр сода зиндагӣ мекард. Фурутанӣ ва содазистӣ ӯро дар миёни роҳбарони ҷаҳон маъруф карда буд.
Пепе Мухика ба ҷойи зиндагӣ дар Кохи президентӣ дар хонаи шахсӣ ва фақиронааш зиндагӣ мекард. Ӯ бо сабаби беэътиноӣ ба моли дунё ва шеваи зиндагӣ дар миёни мардум маҳбубияти зиёд дошт ва бо лақаби “файласуф-пеша-президент” шуҳрат ёфта буд.
Яманду Орсӣ, президенти феълии Уругвай рӯзи сешанбе, 12-уми май бо эълон кардани хабари даргузашти Пепе Мухика аз ӯ “барои тамоми хидматҳояш ва муҳаббати амиқаш ба мардум” сипосгузорӣ намуд.
Гузоришгари “Би-Би-Сӣ” Вайр Дейвис соли 2015 дар як гузориш дар хусуси шеваи зиндагии Пепе Мухика навишта буд: “Фарқ надорад, ки “салиқаи сиёсӣ”-и Шумо чӣ гуна аст, душвор аст, ки шахсияти хоси Пепе Мухика шуморо зери таъсир қарор надиҳад ва ё шеваи ӯ нашавед. Сиёсатмадорони содиқ, ормонгаро ва заҳматкаш дар ҳамаи ҷаҳон ҳастанд, ҳарчанд бадбинҳо шояд бигӯянд, ки инҳо як ақаллияти ночиз мебошанд, вале ҳеч гоҳ яке аз онҳо, вақте масъалаи вафодорӣ ба арзишҳо дар зиндагии шахсӣ пеш меояд, ба пои ин президенти хандонрӯйи Уругвай намерасад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд