Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Дар Душанбе миёни ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия бозии дӯстона доир мешавад
Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22-уми май бозии дӯстона миёни ситораҳои маъруфи футболи Тоҷикистон ва Русия бозии дӯстона доир мегардад. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин бозӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25-уми май аст, доир мешавад.
Тибқи иттилоъ, бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, собиқ стадиони “Фрунзе” доир мешавад.
Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон футболистҳои маъруф ба бозӣ мебароянд. Аз ҷумла, Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хоҷоев, Суҳроб Ҳамидов, Тоҳир Муминов, Субҳон Ҳоҷамов, Хуршед Муминов, Одил Иргашев ва дигарон бозӣ хоҳанд кард.
Дастаи футболи Русияро футболбозони маъруфи ин кишвар, аз ҷумла Ринат Дасаев, Игор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Элдар Низамутдинов ва дигарон намояндагӣ хоҳанд кард. Футболистҳои маъруфи номбаршуда дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ва Русия бозӣ кардаанд.
Ворид шудан ба варзишгоҳ озод аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд