6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:13, Душанбе
07.05.2025 07:25

Ёрии яквақтаи вилояти Суғд ба иштирокчиёни ҷанг ва ақибгоҳ

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки барои расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ 438 000 сомонӣ ҷудо гардид.

Зикр мегардад, ки ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба 2 нафар иштирокчии ҶБВ ба миқдори 15 000 сомонӣ, ва ба 51 нафар иштирокчии ақибгоҳ ба миқдори 8000 сомонӣ ёрии яквақта дастрас мегардад.

Минбаъ меафзояд, ки дар ҳоли ҳозир ду нафар иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Деваштич умр ба сар мебаранд. Яке Бибола Рӯзиматови 101-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва дигаре Нозим Носирови 100-сола, сокини ҷамоати деҳоти Далёни Боло.

Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 51 нафар собиқадори ҷангу меҳнат, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, умр ба сар мебаранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.