Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Русия: барои музокирот бо Украина омода ҳастем
Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад
Олмон бар зидди паноҳҷӯёне, ки ба кишвари худ сафар мекунанд, парванда боз мекунад
Шурои федералии муҳоҷирати Олмон гуфт, беш аз ду ҳазор парванда бар зидди паноҳоҷӯёне ташкил кардааст, ки ба кишвари худ сафар кардаанд. Ин парвандаҳо, афғонистониҳоро низ дар бар мегирад.
Расонаҳои олмонӣ гузориш доданд, ки Шурои федералии муҳоҷирати Олмон дар идомаи панҷ моҳ беш аз ду ҳазор парванда бар зидди паноҳҷӯён, ки бар хилофи қонунҳо, ба кишвари худ баргаштаанд, ташкил додааст.
Тибқи ин гузориш, миёни 1-уми ноябри соли 2024 ва 31 –уми марти соли 2025 тахминан 2157 парванда ба сабаби сафарҳои муваққатӣ ба кишварҳои аслӣ ташкил шудааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, Ироқ бо 762 маврид, Сурия бо 734 маврид, Афғонистон бо 240 маврид, Эрон бо 115 маврид ва Туркия бо 31 маврид кишварҳое мебошанд, ки паноҳҷӯён ба мамлакатҳои худ сафар кардаанд.
Тибқи ин гузориш, паноҳҷӯёне, ки ба кишварашон сафар мекунанд, мақомот ба маҳзи иттилоъ ёфтан аз баргашти ин афрод парвандае барои сабт кардани ин сафар оғоз мекунанд.
Шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон низ дар Олмон мақоми паноҳандагӣ ба даст овардаанд ва бархе гузоришҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз ин паноҳҷӯён озодона аввал ба Ӯзбекистон омада, баъд аз тариқи марзҳои заминӣ ба минтақаҳои худ мераванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад