6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:13, Душанбе
21.04.2025 14:35

Ҳаҷми содироти вилояти Суғд дар семоҳаи аввал ба 298 миллион доллар расид

Ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2025 дар вилояти Суғд нишон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ афзоиш ёфтаанд. Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ин нукта дар маҷлиси корӣ дар толори калони мақомоти иҷроия бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 8,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 33,3 фоиз зиёд мебошад. Дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш ба назар мерасад. Истеҳсоли орд – 108, 7 ҳазор тонна (120%) ва равғани растанӣ – 2,3 ҳазор тонна (134%)  афзоиш ёфтааст.

Таъкид гардид, ки дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба 1, 6 миллиард сомонӣ расид, ки 9, 3 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилоят афзоиши истеҳсоли сабзавот (431, 2 тонна +6, 4%), гӯшт (22,2 ҳазор тонна, +17%), шир (81, 4 ҳазор тонна, + 3%  ва тухм (2012, 9 миллион дона, +36, 4%) ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон дар вилоят аз 172 990 гектари банақшагирифташуда 38 396 гектар замин кишт карда шудааст.  Аз ҷумла, беш аз 59 ҳазор гектар бо пахта ва зиёда аз 18 ҳазор гектар бо картошка кишт шудааст. 209 гектар боғҳои нав бунёд ва 773 гектар боғу токзорҳо барқарор шудаанд.

Ҳаҷми мубодилоти хориҷии вилоят ба 920, 4 миллион доллари ИМА расида, 27 % афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми содирот 298, 5 миллион долларро ташкил дод, ки 52, 3 фоиз бештар аз сатҳи соли гузашта аст. Ҳаҷми воридот 93, 7 миллион доллар зиёд шуда, ба 621, 9 миллион доллар расидааст.

Ба иқтисодиёти вилоят 57, 8 миллион доллар сармоя ҷалб шуда, ки аз ин 35, 8 миллионаш сармояи хориҷӣ аст. Дар идомаи семоҳа иншоотҳое ба маблағи 274, 7 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифта, 37 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард ва 229 ҷои нави корӣ таъсис ёфтааст.

Қисми даромади асосии буҷети вилоят 104, 6 фоиз иҷро шуд, ба хазина 1 миллиард 457 миллион сомонӣ ворид шуд, ки 64, 5 миллион сомонӣ аз нақша бештар аст. Буҷети маҳаллӣ 7 фоиз зиёд шудааст. Иҷрои як қатор андозҳо аз 110 фоиз бештар аст, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда (106, 7%) ва боҷҳои аксизӣ (120%).

Дар маҷлиси раиси вилоят ҳамчунин, масъалаҳои рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва самтҳои афзалиятноки дигар баррасӣ шуд. Дар анҷоми маҷлис ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас барои тақвияти суръати рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа дода шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.