Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
“5 соат тӯл мекашад”. Имрӯз музокироти Эрон ва Амрико дар Рим баргузор мешавад
Имрӯз, шанбе намояндагони дипломатии Эрон ва Амрико дар шаҳри Рими Италия дар мавриди Барномаи ҳастаии Эрон музокироти ғайримустақим анҷом хоҳанд дод. Бар асоси иттилои расонаи “Ахиос” музокироти ғайримустақим беш аз 5 соат тӯл хоҳад кашид ва ҷонибҳо бар сари чорчӯби умумӣ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Маҳалли музокироти атомии Эрон ва аз Амрико баъди баҳсҳои зиёд аз Масқати Уммон ба шаҳри Рим, пойтахти Италия интиқол ёфтааст. Музокирот бо роҳбарии дипломатҳои аршади Эрон ва Амрико Аббос Ироқчӣ ва Стив Уиткофф баргузор хоҳад шуд.
Ахиос навишт, ки Стив Уиткофф қабл аз оғози музокирот бо намояндагони Исроил дар шаҳри Париж дидори маҳрамона доштааст. Мақомоти Исроил хоҳони барчидани комили Барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки Стив Уиткофф қаблан ишора карда буд, ки Эрон иҷозаи ғанисозии 3, 67 дарсадиро хоҳад дошт.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил таъкид кардааст, ки фақат тавофуқ ба мисли модели Либия, яъне барчидани комили фаъолиятҳои атомӣ ва назорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қобили қабул хоҳад буд.
Дар вокуниш ба чунин пешниҳодҳо Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки Эрон ҳаққи доштани барномаи сулҳомезӣ атомиро барои худ маҳфуз медорад ва омода аст барои аз байн рафтани нигарониҳои байналмилалӣ ва сулҳомез будани Барномаи атомӣ музокирот анҷом диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад