Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Гуфтугӯи сесоатаи Аббос Ироқчӣ бо Сергей Лавров дар Маскав
Вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Русия дар ин мулоқот дар хусуси мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои дуҷониба, таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ, вазъ дар ғарби Осиё, Фаластин, Сурия, Лубнон, Яман, Афғонистон, баҳри Каспий, Қафқоз, Украина ва ҷараёни музокироти ғайримустақим миёни Эрон ва Амрико гуфтугӯ намуданд.
Аббос Ироқчӣ ва Сергей Лавров ба аҳамияти бастани қарордоди ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия ба унвони намоди муҳимтарини ҳамкории ду кишвар ишора карда, таъкид намуданд, ки ин қарордод метавонад заминаи рушди ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гардишгарӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳӣ, расонаӣ ва ҳамкориҳои мардумиро фароҳам созад.
Ҷонибҳо аз афзоиши мубодилаи тиҷоратӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати шинохти зарфиятҳои истифоданашуда ва баҳрабардорӣ аз онҳоро таъкид намуданд.
Аббос Ироқӣ таъкид кард, ки Эрон ба рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо Русия аҳамияти зиёд медиҳад. Ӯ гуфт, мавқеъгирии усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари таҳаввулоти Фаластин, Лубнон ва Афғонистон муҳим аст.
“Эрон бо диққат таҳаввулоти минтақаро пайгирӣ мекунад, ба зарурати барқарории сулҳ ва суботи пойдор, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии кишварҳои минтақа, дурӣ аз дахолати бегонагон ва пешгирӣ аз сӯистифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва таҷовузи режими Исроил пофишорӣ дорад” – гуфт Аббос Ироқчӣ.
Сергей Лавров дар ин мулоқот робитаҳои хуби Русия ва Эронро дар ростои манфиатҳои ҳар ду миллат арзёбӣ намуда, аҳамияти қарордоди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегиро заминагузори густариши равобит дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиёт, энергетика, фарҳангӣ ва сайёҳӣ донист.
“Путин, президенти Русия ва Вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи панҷшанбе гуфтугӯҳои пармазмун доштанд ва президент аз натиҷа хеле қаноатманд аст. Ин музокирот нишон медиҳад, ки гуфтугӯҳои сиёсӣ миёни ду кишвар ба марҳилаи нав ва беназири фаъолият расидаанд” – таъкид кард Сергей Лавров.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад