Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Ҳукми қатли сарояндаи Эрон - Таталу ба иттиҳоми таҳвини пайғамбар
Сухангӯйи суди Эрон Асғар Ҷаҳонгир овозаҳо дар мавриди содир шудани ҳукми қатли сарояндаи машҳури Эрон Амирҳусайн Мақсудлу, маъруф ба Таталуро тасдиқ намуда, гуфт, ки ҳукми ӯ дар Суди Олӣ бо таҷдиди назар мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ин овозхони баҳсбарангези эронӣ соли гузашта дар Туркия боздошт ва ба полиси Эрон супорида шуд. Ӯ дар Эрон бо фармонди суд боздошт гардид.
Сарояндаи машҳури Эрон ба иттиҳоме ба мисли “тарғиб бар зидди низом”, “кушодани қиморхона”, “тавлиди мундариҷаи ғайриахлоқӣ” ва “фаъолияти омӯзишиву таблиғотие, ки мухолифи шариат аст” муттаҳам мешавад.
Дар моҳҳои ахир хабарҳои зидду нақиз дар мавриди содир шудани ҳукми қатли Таталу нашр мешаванд.
Қаблан, рӯзномаи “Ҷоми ҷам”-и вобаста ба Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз содир шудани ҳукми қатл барои Амирҳусейн Мақсудлу ба гумони тавҳини пайғамбари ислом хабар дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад