Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Полиси Қирғизистон бар зидди як гурӯҳ барои “Ошӯби оммавӣ” парванда боз кард
Мақомоти интизомии Қирғизистон бар зидди гурӯҳе, ки ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ гумонзад мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Чӯй, парвандаи ҷиноӣ бо нишонаҳои ҷиноят бар асоси моддаи 278-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон - “Ошӯбҳои оммавӣ” оғоз кардааст.
Дар ҷараёни чорабиниҳои махсус як узви фаъоли гурӯҳи мазкур, сокини ноҳияи Туқтуғули вилояти Ҷалолобод, шаҳрванд С. Ф., соли таваллудаш 1978 боздошт шудааст. Дар вақти боздошт гумонбар талош кардааст, ки изи ҷиноятро нобуд кунад.
Ҳамчунин, як шаҳрванди дигар, М. О., соли таваллудаш 1998, зодаи ноҳияи Қара-Сӯи вилояти Ӯш, ки ҳамчун оператори монтаж фаъолият мекард, боздошт гардид. Таҳқиқот мушаххас кард, ки ба воситаи ӯ амалиётҳои бонкӣ барои қонунӣ намудани маблағҳое, ки барои ҳамдастони ҷиноят равона шуда буданд, анҷом дода мешуд. Ӯ бо пардохти музд видеоматериалҳои иғвогарона бо иштироки фаъолони сиёсӣ Тилекмат Куренов ва шахсони дигарро омода карда, онҳоро ба воситаи аккаунтҳои сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекард.
Полис дар вилоятҳои Ҷалолобод, Ӯш ва шаҳри Ӯш кофтуков анҷом дода, далелҳои ҷиноятиро мусодира намуд. Гумонбарон дар омодасозӣ ва ташкили ошӯбҳои оммавӣ муттаҳам дониста шуда, дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта мақомоти амниятӣ аз кӯшиши табадуллоти давлатӣ пешгирӣ карда буданд. Дар моҳи ноябри соли 2024 хабар дода шуда буд, ки гурӯҳе барои ташкил намудани ошӯбҳо ва ноором сохтани вазъи сиёсӣ – иҷтимоӣ дар рӯзи интихоботи вакилони маҳаллӣ омодагӣ дидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд