6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:14, Душанбе
14.04.2025 08:36

Ҳалокати кӯдаки сесола. Хисороти се заминларза дар кишвар

Тибқи маълумоти дастрас, 13-уми апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи худ хисороти ҷонӣ ҳам доштанд.

Мувофиқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори якум соати 09:24 дақиқа дар  ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки дар асари заминларзаи якум дар ҳудуди деҳаҳои Сафедкунда, Гулханӣ, Кӯл, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳия Рашт 17 хонаи истиқоматӣ, 1 бинои муассисаи таълимӣ (мактаби №56 деҳаи Гулханӣ ва дар ҷамоати деҳоти Хиҷборак деҳаи Хулак 1 хонаи истиқоматӣ) дар умум 17 хонаи истиқоматӣ ва 1 муассисаи таълимӣ зарар дида, ноболиғ Машрабов Абдуғанӣ Шарҳиддинович,  соли таваллудаш 2022, сокини деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак  зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар ҳудуди деҳаҳои Кӯл, Бӯстон ва Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари-Шоҳ ва деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ ба 12 хонаи истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон дар ин зилзила зарар дид.

Дирӯз бори дуюм соати 12:14 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 163 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 29 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 2-3 баллро ташкил дод. Сокинони пойтахти кишвар бошад, заминларзаи дуюмро эҳсос накарданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.