5 Октябр 2026,
душанбе, 15:13, Душанбе
11.04.2025 13:45

Ширкатҳои русӣ мехоҳанд 25 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистонро ба кор ҷалб кунанд

Корфармоёни рус бо пешниҳоди дархост мехоҳанд 25 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистонро барои кор ҷалб намоянд. Дар ин хусус, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ таъкид намудааст.

Шаҳноза Нодирӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон муҳим мешуморанд, ки ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар ба кор дар Русия ба як василаи муассири танзими равандҳои муҳоҷират табдил ёбад.

“Барои мо, махсусан, муҳим аст, ки ин механизм на танҳо ба як абзори муассири танзими равандҳои муҳоҷират, балки ба намунаи муваффақ ва устувори ҳамкории байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия табдил ёбад” – гуфт Шаҳноза Нодирӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.