13 Октябр 2026,
сешанбе, 11:38, Душанбе
08.04.2025 17:55

Олмон шаҳрвандонашро ба “шароити ҷангӣ” омода мекунад

Вазорати корҳои дохилии Олмон бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахир, аз мактабҳо ва шаҳрвандон хост, ки худро барои оғози эҳтимолии ҷанг омода кунанд.

Чанде қабл сарони Иттиҳоди Аврупо ҳамлаи Русия ба кишварҳои узви ин созмонро сенарияи воқеъбинона номиданд. Дар чунин шароит, Вазорати корҳои дохилии Олмон ба шаҳрвандон тавсия дод, ки барои ҷанги эҳтимолӣ омода шаванд ва маводи ниёзи аввалро захира кунанд.

Ин Вазорат изҳор дошт, ки хонандагони мактабҳо низ бояд барои эҳтимоли ҳодисаҳои бадтарин омода бошанд.

Нэнси Фезер, вазири корҳои дохилии Олмон аз омода намудани ҷавонон дар мактабҳо барои шароити буҳронӣ ва рӯйдодҳои ҷанг ҳимоят кардааст. Сухангӯи вазорати мазкур гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахир ва вазъияти сиёсати амниятӣ, бояд таваҷҷуҳи бештаре ба ҳимоят аз шаҳрвандон, аз ҷумла дар соҳаи таълим дар мактабҳо сурат гирад”.

Родерих Кизеветтер, сиёсатмадори амниятии Ҳизби демократи масеҳии Олмон пешниҳод кард, ки  барои донишҷӯён омӯзиши барномаи таълимии мудирияти буҳрон дар замони ҷангро роҳандозӣ мекунад.

“Омӯхтани шароити изтирорӣ зарур аст, зеро хонандагон, махсусан дар замони вазъиятҳои фавқулода осебпазир ва таҳти таъсир қарор мегиранд” – таъкид кардааст Родерих Кизеветтер.

Ҳукумати Фаронса низ ба тозагӣ эълон кард, ки бо ҳадафи омода намудани шаҳрвадон барои эҳтимоли замони ҷанг дар оянда, китобчаеро омода намуда, онро барои хонаводаҳои фаронсавӣ мефиристад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

12.10.2026 19:10

Эътирози хиёбонии “Насли Z” ва хонадони Гандӣ дар муқобили ислоҳоти Модӣ дар Ҳиндустон: интихобот қоғазӣ шавад

Аз рӯзи 10-уми октябр ба ин сӯ дар шаҳри Деҳлии нав ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ҷавонон ва тарафдорони Ҳизби конгресси Ҳиндустон намоишҳои хиёбонии эътирозӣ доир намуда, ҳукумати Модиро ба он муттаҳам мекунанд, ки мардумро аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум мекунад.
12.10.2026 18:49

Бақоӣ: “Вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор ҳақиқат надорад”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба хабари вогузории замин ба Афғонистон дар Бандари Чобаҳор гуфтааст, ки ин масъала бар асари “нофаҳмӣ” ба миён омадааст.
12.10.2026 15:35

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи душанбе эълом кард, ки ин иттиҳод бо илова кардани 1900 мавриди нав ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кардааст.