Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Сад фоиз дар рӯзи якум. Кадом шаҳру ноҳия даъвати баҳориро пурра иҷро кард
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра иҷро шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат маротибаи дуюм мебошад, ки вилояти Хатлон дар рӯзи якум нақшаи даъватро пурра иҷро менамояд.
Инчунин, иттилоъ дода мешавад, ки нақшаи даъват ба Артиши миллиро дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ иҷро намуд.
Ҳамзамон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз ҷумла Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт низ аз иҷроиши сад фоизаи нақшаи даъвати баҳорӣ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми феврали соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1-уми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад