Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Аббос Ирқочӣ дар Наврӯз ба Сироҷиддин Муҳриддин саломативу муваффақият ва ба мардуми тоҷик пешрафту сарфарозӣ орзу кард
Вазири корҳои хориҷии Эрон Сайидаббос Ироқчӣ фаро расидани Наврӯзро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин табрик гуфтааст.
Ба гузориши расонаҳои Эрон вазири корҳои хориҷии Эрон бо ирсоли паёми шодбошии наврӯзӣ ба ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намудааст, Наврӯз иди баробарии табиат ва шукуфоӣ буда, қадимтарин анъанаи зиндаи таърихи муштараки мост, ки ҳеч ғубори замон онро фаро гирифта наметавонад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар бахши дигари паёми наврӯзии худ таъкид кардааст, ки Наврӯз паёми сулуҳ ва ҳамзистӣ аст ва рамзи оштиву меҳрубонӣ бо таибат ва беҳтарин фурсати шинондани дарахти дӯстӣ ба ҳисоб меравад.
“Наврӯз оинаест, ки имрӯз кишварҳои мо ба фарҳанги ғании он ниёз доранд. Бо орзуи таҳкими бештари муносибатҳои дӯстона ва густурда миёни ҳамсоягони минтақаи тамаддуни Наврӯз ва таманнои соли пур аз баракату хушбахтӣ, аз Худованд барои Шумо саломатӣ, муваффақият ва барои мардуми Тоҷикистон пешравиву сарфарозӣ хоҳонам” – таъкид мекунад Сайидаббос Ироқчӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад