3 Июл 2025,
панҷшанбе, 08:11, Душанбе
14.03.2025 16:18

20-уми март. Санаи илмии дақиқи фарорасии Наврӯз дар Тоҷикистон

АМИТ «Ховар» дар асоси маълумоти Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли ҷорӣ 20-уми март соати 14:01:25 бо вақти Душанбе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз фаро мерасад.

Гуфта мешавад, ки дар ин вақт офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хати экватори оламро бурида, ба нимкураи шимолӣ мегузарад.

Иттилоъ дода мешавад, ки фарорасии Наврӯз, яъне баробаршавии шабу рӯз мутобиқи ҳисобҳо ҳар сол тақрибан 20-22 март фаро мерасад. Ин тафовут ба далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангоми гардиши Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.07.2025 17:52

Лукашенко: “Ҳамлаи Амрико ба Эрон ғайриқонунӣ аст. Трамп намоишкорона нақш мебозад”

Александр Лукашенко, президенти Беларусия ҳамлаи ахири Амрико ба неругоҳҳои атомии Эронро “тамоман ғайриқонунӣ” хонд ва бо ишора ба рафтори мухталифи Доналд Трамп афзуд, ки президенти Амрико дар ин замина нақши фарди “сулҳхоҳ” ва ҳамзамон “ҳамлагар” –ро бозӣ мекунад.
02.07.2025 16:33

Масъуд Пизишкиён қонуни қатъи ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро имзо кард

Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён қонуни қатъи муваққатии ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) –ро имзо намуд. Ин қонун баъди имзои президент ҳукми қонунӣ мегирад ва иҷрои он барои ҳукумати Эрон ҳатмӣ мешавад.
02.07.2025 16:24

Трамп дар бораи ҷинси зани Макрон назар дод: “Ӯ зан ба назар мерасад”

Доналд Трамп, Президенти Амрико дар як гуфтугӯи хусусӣ бо рӯзноманигори амрикоӣ Кэндис Оуэнс назарҳои марбут ба тағйири ҷинсии Брижит Макрон, зани Президенти Фаронсаро рад кардааст. Трамп дар ин суҳбат гуфтааст: “Ман Брижитро аз наздик дидаам, ӯ комилан зан ба назар мерасад”.
02.07.2025 14:48

Аббос Ироқчӣ мегӯяд дар ҳамла муассисаҳои атомии Эрон осеби ҷиддӣ дидаанд

Саид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбат бо хабарнигори телевизиони амрикоии “CBS” гуфт, ки Эрон барои ҳимоят аз барномаи ғанисозии худ ҷанг кард ва саноати ғанисозӣ ба унвони “рамзи истиқлолият ва ғурури миллӣ” боқӣ хоҳад монд. Ӯ таъкид кард, ки ғанисозии сулҳомез идома хоҳад ёфт ва Теҳрон барои ҳифз кардани он аз ҳич гуна талош даст нахоҳад кашид.
02.07.2025 14:35

Вакили рус: “Бо таъсири Ғарб дар китобҳои дарсии Ӯзбекистон ва Қазоқистон Русия чун кишвари ғосиб муаррифӣ мешавад”

Дар Думаи давлатии Федератсияи Русия масъалаи муҳтавои китобҳои дарсӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ ва роҳ ёфтани мазмуни русҳаросӣ дар китобҳо, махсусан дар китобҳои дарсии Ӯзбекистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
02.07.2025 13:10

Дар маҷлиси Ҳукумат стратегияи ҷалби сармоягузорӣ то соли 2040 баррасӣ шуд

Рӯзи 30-уми июн таҳти раёсати Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маҷлис стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040, лоиҳаи қонунҳо ва дурнамои макроиқтисодии кишвар баррасӣ шуд.
02.07.2025 12:19

Молики чинии кони тилои “Зарафшон” кони бузурги тилои Қазоқистонро харид

Як ширкати бузурги чинӣ, ки ба истеҳсоли маъдани тило дар Осиёи Марказӣ машғул аст, дар охири моҳи июн бо имзои шартнома бузургтарин кони тилои “Райгородок”-и Қазоқистонро ба арзиши 1,2 миллиард доллар харидааст.
02.07.2025 09:47

Сироҷиддин Муҳриддин дар суҳбат бо Аббос Ироқчӣ ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эронро маҳкум кард

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси робитаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти охири минтақа баъд аз таҷовузи режими Исроил ва Амрико ба хоки Эрон табодули назар карданд.
02.07.2025 08:38

Русия воридоти желатини хӯроквории Тоҷикистонро манъ кард

Мақомоти Русия аз 1-уми июни соли ҷорӣ воридоти желатини хӯроквории Тоҷикистон ба қаламрави Русияро манъ кардаанд. Росселхознадзори Русия гуфтааст, ки ин тасмим дар пайи санҷишҳои ахир ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон гирифта шудааст.
02.07.2025 08:13

То +47 дараҷа. Гармии шадид ба Тоҷикистон меояд

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юм то 7-уми июли соли ҷорӣ дар кишвар ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ ва омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад.