Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Хоманаӣ: “Музокирот бо Амрико фишор ва таҳримҳоро бештар мекунад”
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ номаи Доналд Трамп дар хусуси музокиротро “фиреби афкори умум” дониста, афзуд, ки музокирот “гиреҳҳои таҳримҳоро мураккабтар хоҳад кард”.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки дар ҷамъи ҷавонони Эрон суханронӣ мекард, таъкид кард, музокирот бо ҳукумати кунунии Амрико на фақат таҳримҳоро аз байн намебарад, балки онҳоро шадидтар мекунад.
Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки номаи Доналд Трамп ба воситаи Анвар Маҳмуд Қарқош, мушовири дипломатии раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 13-уми март ба вазири корҳои хориҷии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ супорида шуд.
Дар бораи ҷузъиёти номаи Доналд Трамп ҳанӯз иттилоъ дода нашудааст. Доналд Трамп дар суҳбат бо расонаҳо ба мавзуи ирсоли нома ба роҳбари Эрон ишора намуд ва таъкид кард, ки Эрон масъалаи атомиашро ё бо музокирот ҳал мекунад ва ё Амрико ҳамлаи низомӣ анҷом медиҳад.
Доналд Трамп дар давраи ҷадиди президентиаш таҳримҳои “фишори ҳадди аксар” –ро бар зидди Эрон ҷорӣ намуда, таҳримҳои навро дар бахши энергетика, киштиронӣ ва нафт эълон кард. Амрико вазири нафти Эронро низ таҳрим кард.
Дар пайи дастурҳои нави Доналд Трамп барои фишор ба Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба таври қотеъ музокирот бо Амрикоро рад карда, онро кори бефоида хондааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, Амрико мехоҳад бо имзои як созишномаи нави атомӣ Эрон аз пуштибонии гурӯҳҳояш дар Ховари Миёна даст кашад. Ӯ талаботи Амрикоро “ғайривоқеӣ” хонд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад