Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
СААД аз имзои созишномаи сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард
Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар хусуси ҳалли масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот нашр карда, аз он истиқбол намуд. Дар ин хусус, дафтари матбуоти Созмон хабар додааст.
Дар изҳорот таъкид мешавад, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз имзои созишнома оид ба марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон истиқбол мекунад.
“Бо талошҳои пайваста ва иродаи сиёсӣ, роҳбарони ҳар ду кишвар тавонистанд хати марзиро дар тӯли қариб 1000 километр мувофиқа кунанд. Ҳалли масъалаҳои марзӣ бешубҳа ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат хоҳад кард. Сатҳи амниятро дар минтақа зери назорати СААД баланд мебардорад ва иҷрои вазифаҳои Созмонро таъмин менамояд.
Ба ду халқи бародар комёбиҳои минбаъда дар бунёди ҷомеаҳои рушдкардаи иқтисодӣ ва ҳамоҳанг дар Қирғизистон ва Тоҷикистон орзу менамоем” – зикр шудааст дар изҳороти СААД.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз – 13-уми март дар маросими расмӣ созишномаи ниҳоии сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро президентҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов имзо намуданд. Баъди имзои санади созишномаи сарҳади давлатӣ роҳбарони ду кишвар дар маросими онлайнии кушода шудани гузаргоҳҳои марзӣ иштирок намуданд. Ду гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд. Гузаргоҳҳои дигар низ дар рӯзҳои наздик боз хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд