Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Содир Ҷабборов эътирози депутати қирғиз дар бораи Достук ва Ворухро “холосаи демагогӣ” номид
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар эътироз ва интиқоди депутат Ойҷигитов Султонбой дар хусуси созишномаи сарҳадӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон вокуниш нишон дода, изҳороти ӯро “хулосаи демагогӣ” номид.
Президенти Қирғизистон дар посух ба изҳороти депутат гуфт, ӯ дар муддати се рӯз хомӯш буд ва ҳоло чаро ногаҳонӣ мавқеашро тағйир дода, нисбат ба созишнома мухолифат нишон медиҳад.
Депутати маҷлиси намояндагони Қирғизистон чанд рӯз қабл созишномаи сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистонро зери суол бурда, гуфт деҳаҳои Достук ва заминҳои Ворух дубора баргардонида шаванд. Ӯ дар изҳороташ гузаштҳои ҷониби Қирғизистонро зикр намуда, мегӯяд: “Дар созишнома ҷониби Тоҷикистон талаб мекунад, ки деҳаи Достук пурра ба онҳо дода шавад. Мо бо онҳо розӣ шуда монеаҳоро бардоштем. Аҳамияти стратегӣ доштани деҳа дар он аст, ки намегузошт каридор барои ҳамсоя боз шавад ва сокинони маҳаллӣ марзро ҳимоя мекарданд”.
Дар вокуниш ба ин изҳорот Содир Ҷабборов таъид кард, ки “Дар суханрониаш депутат дар бораи Ворух суҳбат мекунад. Ба назар мерасад, ки мо 19, 5 ҳазор гектар замин додем. Вале ин заминҳои Ворух дар гузашта ва аз ибтидо 14, 5 ҳазор гектар дар ихтиёри онҳо буд. Ӯ инро хуб медонад. Вай аз Бодканд аст. Илова бар ин губернатори он маҳал низ буд”.
Содир Ҷабборов илова ба ин таъкид кард, ки ғайр аз ин, сокинони Ворух ҳамеша 5 ҳазор гектар ҳамвориҳоро дар ин минтақа истифода мекарданд. Ӯ гуфт, ки сокинони маҳаллӣ танҳо ба воситаи Ворух ба ин ҳамвориҳо дастрасӣ доштанд ва ҳоло ин ҳамвориҳоро ҳеч кас истифода намекунад.
“Роҳи дигаре ба он ҷо нест. Пас онҳо пешниҳод карданд, ки ҳамаи ҳамвориҳоро ба мо диҳед ва бар ивази он мо ба шумо 5 ҳазор гектар дар ҷойи дигар замин медиҳем. Аммо мо рад кардем. Мо на ҳамаи 5 ҳазор гектар, балки 1 ҳазор гектарро муомила кардем. 1 ҳазор гектарро нигоҳ доштем ва бар ивази он 1 ҳазор гектар ҳамвориҳоро дар Чон-Алай гирифтем”- таъкид кард Содир Ҷабборов.
Дар хусуси Ворух Содир Ҷабборов зикр кард, ки 14,5 ҳазор гектари он заминҳое ҳастанд, ки дар гузашта сокинони Ворух аз он истифода мекарданд ва депутат Оҷигитов Султонбой ин воқеиятро таҳриф мекунад.
“Ҳоло дар бораи деҳаи Достук гап мезанад. Гӯё ин дарвозаи Ворух аст. Ворух куҷо, Достук куҷо? Онҳо дар ҷойҳои мухталиф ҷойгир мебошанд”- гуфт Содир Ҷабборов.
Президенти Қирғизистон таъкид кард, ки дар масъалаи мубодилаи замин ҳеч кишвар ҳадафҳои стратегиро пайгирӣ намекард ва мо деҳаеро додем ва дар дигар минтақа деҳаеро гирифтем.
“Зеро ин заминҳо ё анклаванд ё ба шакли шахмат ҷойгир шудаанд ё мустақиман бо деҳаҳои мо марз доранд. Дар ҳалли марз миёни ду давлат намешавад танҳо манфиатҳои як деҳаро ба назар гирифт” – таъкид кард Содир Ҷабборов.
Содир Ҷабборов гуфт, ки дар бораи созишномаи сарҳад гап зиёд аст, вале баъди ҳалли масъала гап мезанем.
Президенти Қирғизистон бо ишора ба ин, ки дар бораи марз ҳарф зиёд аст ва баъди аз ҳалли масъала ҳарфҳо гуфта хоҳанд шуд, таъкид кард: “Як ҷумлаи ӯ (манзур Султонбой Айҷигитов- шарҳи мо) диққати маро ҷалб кард. Вай гуфт: “Дар шартнома зикр шудааст, ки он бемуҳлат ва бетағйир аст, ин дуруст нест. Ба фикри ӯ, мо бояд ҳар сол баҳс кунем? Барои заминҳо мубориза барем ва тир паронем? Сарҳад ҳалли худро ёфтааст. Хат дар ниҳоят мушаххас шудааст ва манфиатҳои ҳар ду тараф ба назар гирифта шудаанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд