Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Ғолибони Бозиҳои XX-уми Делфӣ дар гала-консерт баромад карданд
Сарвари давлат дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон суханронӣ намуданд
Баъди созиш. Сарвазири Қирғизистон барои музокироти ҳамаҷониба вориди шаҳри Душанбе шуд
Сарвазири Қирғизистон Адилбек Қасималиев бо сафари кории якрӯза вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ӯро муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода пешвоз гирифт.
Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон сарвазири ин кишвар Адилбек Қасималиев дар ҷараёни сафар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду энергетикаро бо сарвазири Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
Дар доираи ин сафар сарвазири Қирғизистон бо сарвазири Тоҷикистон дар формати маҳдуд ва васеъ дидору мулоқот хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки мавзӯи асосии музокироти сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди имкониятҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаи тиҷорат, иқтисод, энергетика, нақлиёт ва робитаҳои гуманитарӣ хоҳад буд.
Дар доираи ин сафар сарвазири Қирғизистон Адилбек Қасималиев аз неругоҳи барқии обии Роғун боздид намуда, бо таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика шинос хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд