Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Бидуни баҳс ва муҳокима: вакилони қирғиз созишномаи марзиро қабул намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон созишномаҳо оид ба сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бидуни баҳс ва муҳокима қабул намуданд.
Камили Талиева, депутати қирғиз гуфт, ки чор соли охир комиссияҳои байниидоравии ду кишвар пайваста фаъолият намуданд. Баҳсҳо моҳҳо идома дошт ва дар ниҳоят харитаи дақиқ ва рӯшан таҳия шуд.
Тибқи иттилои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон раванди ратификатсия дар давоми як моҳ анҷом хоҳад ёфт.
Созишномаи ниҳоӣ ва таърихӣ 31 –уми марти соли 2025 дар саммити сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳон, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев имзо хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти созишномаҳои баимзорасидаро дар парлумони Қирғизистон пурра шарҳ дод. Бар асоси шарҳи ӯ, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо табодул намудани замин ба баҳсҳои марзӣ хотима доданд.
Қамчибек Ташиев гуфт, ки раванди муайян кардани сарҳади давлатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои 1991 ва созишномаи пароканда шудани Шӯравӣ сурат гирифт. Ӯ таъкид кард, ки қаблан Тоҷикистон тибқи созишномаи солҳои 1924-1927 музокиротро пеш мебурд, ки он ба расидан ба роҳи ҳалли асосӣ монеа эҷод мекард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд