6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:14, Душанбе
24.02.2025 08:51

Зарар зиёд шудааст. Ҳалокати панҷ кас дар ҳодисаҳои табиӣ

Бинобар иттилои муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Ҷамшед Кучаков дар соли 2024 дар ин минтақа 13 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ дар вилояти Суғд панҷ нафар ҳалок шуда, зиёда аз 17 миллион сомонӣ зарари молӣ расидааст.

Манбаъ меафзояд, ки зарари моддӣ аз ҳодисаҳои табиӣ нисбат ба соли 2023 даҳ миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Аз 13 ҳодисаи табиӣ дар 12 ҳолат омадани сел ва дар як ҳолат раъду барқ сабт шудааст. Шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айни аз дигар ноҳияҳо зиёдтар зарар дидаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023-юм дар вилояти Суғд 7 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа 6 кас ҳалок шудаву ба буҷа 7 миллион сомонӣ зарар расида буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.