Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Баҳс ҳал шуд. Тоҷикистон ва Қирғизистон се санади ниҳоии марзро имзо карданд
Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек се санади ниҳоии хати сарҳадӣ миёни ду кишварро имзо намуданд, ки бар асоси он баҳсҳои марзӣ миёни ду кишвар парра ҳал карда шуд.
Бар асоси иттилои АМИТ “Ховар” рӯзи ҷумъа, 21-уми феврали соли ҷорӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон се созишномаи ниҳоӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ ва истифодаи иншоотҳоро ба имзо расониданд.
Ду тараф барои ҳалли баҳсҳои марзӣ ва муайян кардани сарҳади давлатӣ се санади ниҳоӣ - Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ; Созишнома миёни ҳайати вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикаро имзо карданд.
“Ховар” менависад, ки “ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид”.
Ҷузъиёти санадҳои имзошуда шарҳ дода намешавад. Аз рӯйи тартиботи ҳуҷҷатгузорӣ санадҳои имозошуда аз ҷониби ҳайатҳои роҳбарикунандаи ду кишвар баъдан бояд аз тарафи президентони Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расад. Тасдиқи он аз тарафи парлумонҳои ҳарду кишвар низ яке аз шартҳои барасмиятдарории санадҳо мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд