6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:15, Душанбе
21.02.2025 22:06

Дар ярмаркаи Хуҷанд 2000 ҷойҳои кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шуд

Ярмаркаи солонаи ҷойҳои корӣ дар шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур барои таъмин намудани хатмкунандагон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар ярмарка 26 ширкат ва ташкилот иштирок намуда, зиёда аз 2000 ҷойи корӣ пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, бузургтарин бонки кишвар, ба мисли “Амонатбонк”, “Эсхата”, “Имон интернешнл”, “Ҳумо”, ва “Алиф Бонк”, ҳамчунин, корхонаҳои “Файзи расул”, “Кабири Хуҷанд”, “Зуҳал” ва ғайра иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ярмарка донишҷӯён имкони шинос шудан аз шароити кор, гузаштан аз мусоҳибаи корӣ ва пешниҳод намудани тарҷумаи ҳоли худро пайдо карданд. Тибқи иттилоъ, ба корҷӯён ҷои корӣ бо маоши аз 1500 то 5000 сомонӣ пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми ярмаркаи ҷойҳои корӣ ширкатҳо ва сохторҳои давлатӣ барои иштироки фаъолона бо ифтихорномаи Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.