Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Аз дуздиву талбандагӣ ба мактаби махсус
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки сокини 15-солаи ш. Душанбе Ҳакимов У. барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ ва мунтазам машғул шудан ба оворагардию талбандагӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ноболиғ Ҳакимов У. силсилаи ҷиноятҳои дуздиро содир карда, шабона ба оворагардӣ ва дар роҳҳои мошингард ба талбандагӣ машғул мешудааст.
Манбаъ меафзояд, ки санҷиши кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт муайян кардааст, ки модари ноболиғ Суфиева Манзура дар таълиму тарбияи фарзанди худ бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯро ба оворагардию талбандагӣ маҷбур сохтааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбати модари ноболиғ Суфиева Манзура моддаи 73-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, татбиқ карда шуд.
Ҳамин тавр, бо ҳалномаи Суди ноҳияи Сино ноболиғ Ҳакимов У., аз модараш гирифта шуда, дар Муассисаи махсуси таълимӣ ҷойгир карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад