13 Октябр 2026,
сешанбе, 13:22, Душанбе
12.02.2025 17:37

“Аз фурсатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон истиқбол мекунем”

Дар 18-умин Намоишгоҳи сайёҳии Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Исфаҳон баргузор гардид, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода иштирок ва бо мақомоти олии Эрон дидору гуфтугӯ кард. Ҷамшед Ҷумахонзода дар Исфаҳон, бо мудири кулли мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва санъати дастии Исфаҳон Амир Каримзода ва раиси вилояти Исфаҳон Маҳдӣ Ҷамолзода мулоқот намуда, дар хусуси тақвияти ҳамкориҳои сайёҳӣ гуфтугӯ намуд.

Дар ин мулоқот Амир Каримзода, мудири кулли мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва санъати дастии Исфаҳон ба зарурати густариши ҳамкориҳои сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Исфаҳон таъкид карда, афзуд: “Метавон турҳои муштараки сайёҳӣ баргузор кард ва дар ҳавзаи тамошои биноҳои таърихӣ ва табодули санъати дастӣ низ ҳамкорӣ дошт, чаро ки Исфаҳон ба унвони маҳди санъати дастии Эрон зарфиятҳои густурдае дар ин замина дорад”.

Амир Каримзода таъкид кард, ки имкони сармоягузории муштарак дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Исфаҳон вуҷуд дорад: “Ин вилоят ба ҷуз сайёҳии баҳрӣ, дар тамоми бахшҳои сайёҳӣ иқтидори болое дорад. Рушди зерсохтҳои роҳи оҳан ва ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Исфаҳон ва Тоҷикистон низ метавонад ба густариши равобити фарҳангӣ ва сайёҳии ду кишвар кумак кунад”.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода таъкид кард, ки Тоҷикистону Эрон мисли ду бародар буда, муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии фаровоне доранд.

“Тоҷикистон бо оғӯши боз аз фурсатҳои ҳамкории сайёҳӣ бо Исфаҳон истиқбол мекунад, бистарҳои лозим барои тақвияти робитаҳои сайёҳӣ ва рушди зерсохтҳои сайёҳии Исфаҳон дар Тоҷикистон фароҳам аст” – таъкид кард Ҷамшед Ҷумахонзода.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҳафта дар шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон 18-умин Намоишгоҳи сайёҳӣ ва санъати дастӣ дар ҳоли баргузорӣ аст. Тоҷикистон низ дар ин намоишгоҳи сайёҳӣ ширкат намуда, дастовардҳои соҳаро дар ғурфаи махсус ба намоиш гузошт. Бисёре аз мақомоти олии Эрон аз ғурфаи Тоҷикистон дидан намуда, аз он истиқбол намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

13.10.2026 13:03

Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид

Дар шаҳри Душанбе даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия бо иштироки сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва сардори Департаменти сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлманн баргузор гардид.
13.10.2026 13:02

Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд

12-уми октябр дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанноварии навин» ҷаласа баргузор шуд.
13.10.2026 12:04

Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст

Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
13.10.2026 11:57

Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон шояд дар мавриди ҳадаф қарор додани роҳбарони Эрон аз ҳад зиёдаравӣ кард ва ҳоло намедонад, ки бо кӣ гуфтугӯ кунад.