Пешвои миллат дар ноҳияи Восеъ Кӯдакистони “Маҳдия”-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Восеъ бинои Беморхонаи хусусии “Тибби Ҳулбук” мавриди истифода қарор дода шуд
Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
639 офати табиӣ. Марги 17 кас, осеб дидани 334 хона ва хароб шудани 542 километр роҳи нақлиётӣ
Тибқи иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 дар натиҷаи офатҳои табиӣ 17 кас ҷони худро аз даст додаанд.
Дар нишаст афзуда шуд, ки дар 13 ҳодиса 17 кас ҳалок шудааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, соли 2023 дар дар натиҷаи 12 ҳодиса 51 кас ҷони худро аз даст дода буданд.
Бинобар маълумоти манбаъ, соли гузашта дар кишвар дар пайи 639 офати табиӣ ба 334 хона зиён расида, аз ин шумора 102 хона пурра, 58 хона қисман, 174 хона зарари сабук ва 1915 адад иншооти ёрирасон зиён дидаанд. Ҳамчунин, давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ 80 пул, 139 километр хатҳои интиқоли барқ, 154 километр хатҳои обёрӣ ва 29,7 километр минтақаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зарар дидаанд.
Раиси Кумита афзуд, ки аз шумораи умумии офатҳои табиӣ танҳо 50 ҳолат зарари моддӣ расонидааст, ки маблағи он 161 миллиону 50 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, гуфта шуд, ки барои сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои осебдида маводи сохтмонӣ, инчунин молҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба маблағи умумии 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад